А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони деҳаҳои Тут ва Помири Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19” ба роҳ монданд.
Чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” сурат гирифта, оид ба масъалаҳои сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ, озуқа додани заминҳо, истифодаи тухмии аълосифат дар вақти кишт, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таъмини оилаи худ ва бозори истеъмолии кишвар бо ғалладонагиҳо, сабзавот ва меваҷоти хушсифати ватанӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия ба мардум фаҳмонида шуд.
Дар рафти вохӯриҳо масъулин ба аҳолӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, амалӣ намудани чораҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ бахусус “Ковид-19”, аз қабили пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, корҳои безарраргардонӣ дар манзили зист, шустани дастон бо собун, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва худдорӣ аз гаштугузори беҳуда ва дурӣ ҷустан аз ҷамъомадҳои серодам маслиҳату тавсияҳои муфид доданд.