ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд. Масъулин дар рафти суханронӣ атрофи пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили пандемияи Ковид-19 андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ин давраи бисёр мураккабу ҳассос, ки тамоми минтақаҳои дунёро фаро гирифтааст, вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди бонангу номус, аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ба дарки ин масъала корҳои пешгирикунандаву таблиғотиро беш аз ҳар вақта дида ҷоннок намоем ва кумаку дастгирии хешро баҳри рафъи ин беморӣ дареғ надорем. Дар охир кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур суханрониҳои пурмуҳтаворо ҳамаҷониба дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки барои ҳар чи зудтар аз байн бурдани бемории коронавирус тамоми чораҳои заруриро амалӣ хоҳанд кард.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)