ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо як гурӯҳ волонтёрони ҷавон дар назди бозори марказӣ шаҳраки Фархор ба сокинон маводҳои тарғиботӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро тақсим намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус иброз доштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя кунанд, масъуният (иммунитет)-и организми худро қавӣ нигоҳ доранд. Ҳамчунин, ба соҳибкорон ва харидорони бозор таъкид карданд, ки аз ниқобҳои тиббӣ, маводҳои безараргардонӣ истифода баранд.