БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  густариши корҳои  созандагиву   бунёдкорӣ  бахшида  ба  сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  месозем!”  бо  дастгирии  бевоситаи  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азимзода Машҳура ва раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав Ализода  Сураё бо иштироки аъзои   ташкилоти  ибтидоии  деҳаи   “Баҳор”-и  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза корҳои  созандагию  ободкорӣ  роҳандозӣ  гардида,  роҳи  маҳаллаи Давлатобод   ба  масофаи  зиёда  аз  1 км.  сангфарш карда шуд.

Дар  рафти    корҳои ободонӣ   Ализода  Сураё ба сокинон  барои  саҳм  гузоштан   дар корҳои созандгиву ободонӣ,  дастгирии  сиёсати  созандаю  бунёдкоронаи  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  иқдоми ҳизбиёни  вилояти  Хатлон  дар  роҳи  тарғиби  созанда  изҳори миннатдорӣ баён намуд. Чунин иқдомҳои неку шоиста аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ  дар ҳудуди ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома  дошта, шаҳрвандон ният доранд бо дастовардҳои назаррас ин ҷашни пурифтихори давлату миллатро  пешвоз ва таҷлил намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg