БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ ХУД МЕҲНАТ МЕКУНЕМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва самараноку оқилона истифодабарии замин бо сокинони деҳаи Янгиюли Ҷамоати деҳоти Чубек корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Проштов Сино ҳангоми суҳбат ба сокинон оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, инчунин қоидаҳои беҳдошти саломатӣ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки  шаҳрвандон аз мавзеъҳои серодам худдорӣ намоянд ва танҳо дар ҳолати зарурат ба кӯча бо ниқоби тиббӣ бароянд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид кард, ки аз ҳар як ваҷаб замин оқилонаву самаранок истифода бурда, кишоварзон дар як сол аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентии худ ду- се ҳосил рӯёнанд ва зиндагии худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg