![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200701_093254.jpg?itok=cl4Bc0oo)
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин дуруст ба роҳ мондани корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, тарзи истифодаи ниқоб, маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, чӣ гуна тоза шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ҳатмӣ ва зарур мебошад. Ҳамзамон, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотиро тақсим намуда, оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳконӣ тавсияҳо дода шуд.