БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД...

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ  ва ягона буда,  барои  ҳар як шаҳрванд шароити  зиндагии арзандаро  муҳайё кардааст. Аммо бадхоҳоне ҳастанд, ки   намехоҳанд  тинҷию  оромӣ  ва амну осоиштагии миллати тоҷикро бубинанд. Мисли  Муҳиддин  Кабирӣ  ва думравонаш Шарофиддин Гадоев, ки ба мисоли саг аз дур ба самти мо аккос  мезанад, гӯё  мо аз ҷоғ заданҳои онҳо  гумроҳ  шуда,  фирефтаи  дурӯғу  найрангҳои онҳо мешавем. Бори дигар мо ҷавононро  филми  ҳуҷҷатии  “Хиёнат”  водор кард, ки  солҳои 1992 - 1997 ин хоинон  чи гуна  мусибате  ба сари мардум оварда буданд  ва имрӯз  боз  ҳам ин бадхоҳон мехоҳанд ҳамон мусибатро такроран ба сари мардум  биёранд, хаёл кардаанд, ки мардуми тоҷик ё мо ҷавонон  ба гуфтаҳои  инҳо  бовар мекунем, не  мо хуб  огоҳ ҳастем, ки ин хоинон аз дини ислом сухан карда,  амалҳои нопоку ғаразноки  худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ин  бенангу номусон аз кирдорҳои кардаи худ шарм надошта, худро бегуноҳ  меҳисобанд. Он воқеаҳое, ки солҳои 90-ум ба сари миллат овардаанд, аз  ёд  бароварда,  боз худро  ғамхори  миллати  тоҷик меҳисобанд.  Мо ҷавонон  намегузорем, ки хоинон ва бадхоҳони миллати тоҷик ба мисли Кабирӣ, Салимпур, Гадо ва дигар  ҳаммаслаконашон  бо амалҳои  нопоки хеш  фазои  Тоҷикистони орому осударо  ноором созанд. Мо ҷавонони  Тоҷикистон  дар ин давлати тинҷу ором дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда истодаем, шукр мекунем ва кӯшиш  бар он дорем, ки  ҳамеша вақти қиммати худро ба донишандӯзӣ сарф намуда, дар ободӣ ва пешравии Ватани азизамон –Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.

Ансораи Суннатулло,  волонтёри ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик                                              

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg