ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Фирдавсӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” баргузор карда, ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ниқобҳои тиббиро дастрас намуданд. Инчунин, дар идомаи чорабинь таъкид карда шуд, ки манзили худро тозаю озода нигоҳ доранд, гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, дар вақти зарурат баромадан ба кӯчаро риоя намуда, саломатии хешро нигоҳ доранд.