БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОИМО СОЛИМ БИМОНЕД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Зарбдор” бо иштироки фаъолони ҳизб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Доим солим бимонед!”-ро роҳандозӣ намуд.

Кормандони ҳизби ноҳия зимни баргузории чорабинӣ ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ ва муроҷиатномаҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуда,  корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон маълумотҳо дода, тавсияҳо доданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён безарурият ва бе ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд, хусусан, калонсолон саломатии худро нигоҳ доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg