БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди деҳаи Наизираки Ҷамоати Деҳоти Дуконии шаҳр бо усули «хона ба хона» ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории СОVID-19 ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббии бисёркарата тақсим карда шуда,  таъкид гардиданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирии дилхоҳ бемории сироятӣ мебошад, аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда,  худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Ҳамзамон, ба яко яки онҳо оид ба истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg