БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии рафти кишти такрорӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули “хона ба хона” ва рӯ ба рӯ бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Боиси қайд аст, ки бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша, аз ҷумла сокинони деҳаи Оқгаза то ин дам 305 метр роҳи деҳа мумфарш карда шудааст. Имрӯзҳо техникаҳои ташкилоти ибтидоии “МДНРА”-и шаҳр пурра барои мумфарш кардан сафарбар гардида, кор шабонарӯзӣ дар ин самт идома дорад. Идомаи корҳои созандагӣ ба тариқи ҳашар ҷараён дошта, сокинони деҳаи мазкур низ  дар ин кор саҳмгузорӣ карда истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg