БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” доир гардид.  

Зимнан масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар рафти суханронӣ қайд намуданд, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсозӣ расидан ба сулҳу Ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.

Бо шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии мо тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам омаданд. Дар як давраи начандон тӯлонии таърих садҳо лоиҳаи ҳаётан муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ татбиқ, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд шуданд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Ин нишонае аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз истиқлолият ва Пешвои хирадманди худ шукргузорӣ дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg