КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба оқилона истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯриҳо дар маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб доир намуда истодаанд.
Дар доираи ин вохӯриҳо дар маҳаллаи Меҳрободи шаҳри Кӯлоб бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуда, гуфта шуд, ки аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда, дар як вақт ду ҳосил аз як замин ба даст битёранд, то ки зиндагии худро бо ин васила беҳбуд бахшанд.
Дар баробари ин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ, аз ҷумла 170 адад варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.