БОХТАР. Дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хатлонстройсервис» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил вохӯрӣ доир гардида, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, огоҳ кардани сокинон ва пешгирии онҳо аз гарвиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки масъалае, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки алҳол дар давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Сурия гурӯҳе аз ҷангчӯён, ки миёнашон бархе аз ҷавонони гумроҳи мо низ ҳастанд.
Ҷавонон на танҳо маҷозан ояндаи миллат бошанд, балки созандагони ҳақиқӣ ва воқеъии миллат, соҳиби ин сарзамин, нигаҳбони марзу буми кишвар, муҳофизи обрӯ ва номуси тоҷикон мебошанд ва метавонанд дар ҷаҳон миллати тоҷикро чун як миллати мутамаддин муаррифӣ кунанд.