КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, Ҳамидиён Орзу ва дигар масъулини шаҳри Кӯлоб дар саҳни Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси ситоди вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии Коронавирус Фирӯза Шарифӣ аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи сиҳатии ҷомеа ёдовар гардида, ҳамзамон вобаста ба авҷи дуюми бемории коронавирус масъулинро муваззаф намуд, ки корҳои тарғиботиро дар ҳудуди шаҳр бештар ба роҳ монанд.
Сипас, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб ва гурӯҳи “Авангард”-и шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ба панҷ гурӯҳ ҷудо шуда, дар бозорҳо, роҳравҳои марказӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки замни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунин, ба аҳолӣ наздики 1500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим ва дастрас карда шуд.