КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаи ба номи Синои шаҳри Кӯлоб ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки аз мавзеъҳои серодам худдорӣ намоянд ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя карда, дар кӯчаҳо бе ниқобҳои тиббӣ гаштугузор накунанд, чунки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Сипас, дар чорабинии ҳизбӣ ба аҳолӣ наздики 200 адад ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.