БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

COVID-19 БЕМОРИИ ХАТАРНОК АСТ, ЭҲТИЁТ МЕБОЯД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, дар ин росто ба аҳолӣ варақаҳои иттилооть оид ба масъалаи мазкур ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.  Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ буда, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок  истифода  бурдани  шаҳрвандон ҳатмӣ ва зарур мебошад.

Ҳамзамон, дар ин раванд аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg