ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Қубодиён мулоқот доир намуда, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус, самаранок истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва гузаронидани кишти такрориро ба дарки сокинон расониданд. Дар охирии мулоқот ба ҷамъомадагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, таъкид гардиданд, ки аз тавсияҳои табобон ҷиҳати ҳифзи солимии худ ва дигарон истифода баранд.