БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРОВОНИИ ДАСТУРХОНИ МО АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТИ ЗАМИН АСТ!

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади оқилона, самаранок  истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо сокинони Ҷамоати деҳоти Корез дар  деҳаи Рахшонзамин суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар рафти суҳбат масъулин қайд намуданд, ки замин неъматест, ки дар он мо метавонем якчанд намуди маҳсулотро кишт намоем,  зиндагии  худ ва дигаронро бо молу маҳсулоти тару тоза  таъмин созем. Аз ин лиҳоз мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҳар порча заминро самаранок истифода бурда,  нагузорем ки як ваҷаб замин холӣ бимонад.

Дар охир аз ҷониби масъулин ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ барои муҳофизат аз бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg