БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешрафту тараққиёти Ватан дар меҳвари асосии фаъолити ҲХДТ бо ҷалби сокинони маҳал

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯрӣ дар муассисаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳову деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани тӯю маъракаҳо, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухаронӣ намуда, иштирокдоронро барои татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои судманд доданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg