БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БАХШИДА НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Тамошои филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизонии кишварамон намоиш дода шуд, чеҳраи тираву манфури хоинони Ватану миллат, симои асосии наҳзатиҳоро, бахусус Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро боз рӯшантар сохт. Нафрати ҳар бинандаи закиву ҳушмандро нисбати ношукриву носипосии кӯрнамакон зиёд гардонид. Имрӯзҳо  сару садоҳое, ки аз ҷониби саркори ҳизби мамнуъгаштаи террористии наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ, ҳоло дур аз «Ватани азизаш» дар Аврупо оид ба Тоҷикистон баланд мешавад, нафрати тамоми  тамошобинонро бори дигар ба ӯву ҳизбаш даҳчанд гардонид.

Тамошои ин филм корнамоиҳои фарзонафарзанди миллати тоҷикро боз як бори дигар пеши назар овард. Шахсе, ки дар замири худ меҳри модару меҳани хешро  мепарварад, заррае ҳисси ватандӯстию худогоҳӣ  дорад, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ маврид  ҷоннисориҳо ва қаҳрамониҳои марди баору номуси тоҷик Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷони худро зери хатар гузоштаву баҳри  ба ҳам  овардани тоҷикони дохилу  бурунмарзӣ талошҳо кардаанд,  аз хотираҳо фаромӯш  намесозад.  

 

Вақте, ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,

Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,

Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,

Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд

Ту омадӣ ба майдон эй Пешвои миллат

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат!...

Зиҳӣ эй марди Худодод, бахшандаи сулҳу субот, муаррифгари миллати тоҷик!

Мавзуна Сунатуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg