ВОКУНИШ. Имрӯзҳо аз васоити ахбори омма нисбати баъзе равияву созмонҳои ба ном гуманистӣ, вале террористиву ба тундгароӣ даъваткунанда суханони зиёде мешунавам. Яқин аст, ки ҳаводиси таърих барои онҳо, ки роҳбаронашон баъзе ашхоси баддилу гумроҳ ва нотавонбин мебошанд, сабақ нашудааст. Ин гуна ашхос ки вуҷудашон барои бадбинӣ сиришта шудааст, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки байни ҷомеа тухми кину адоват бикоранд, ҷомеаи имрӯзаи моро заҳр бичаконанд.
Ҳангомаву дассисаҳои аз ҷониби саркори Ҳизби мамнӯъгаштаи террористии назҳати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо оид ба Тоҷикистони азизам мегӯянд, моро басо хашмгин мегардонанд.
Худоё, Муҳиддин Кабирӣ дидаву дониста туҳмат алайҳи Ваҳдат, алайҳи бозсозию созандагӣ ва ояндабинии дурандешона мекорад. Ӯ яке аз гумроҳонест, ки ҳеҷ гоҳ дар ғами осоишу ободии Ватан нестанд, мехоҳанд, ҷавононро аз роҳ зада, ба гирдоби бало кашанд. Ҷавонони даврони мо дигар ба ҳарзагӯиҳою фиребу найрангҳои Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ӯ бовар надоранд. Муҳиддин Кабирӣ, оё медонӣ, ки ту худатро бо амалҳои ноҷавонмардонаат на танҳо миёни ҳаммиллатонат, балки ҳаммаслаконат ҳам шармандаву шармсор кардӣ. Медонӣ, медониву худро гӯл андохтаӣ, шармандаву шармсорона гурехтӣ аз Ватан, гурезондӣ наздикону хешу ақрабоятро. Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон бо амалҳои ношоистааш, ҳизби террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Акнун бо номҳои дигар, ба мисли Паймони миллӣ баромад карда, аз раҳи дур сӯйи ҳаммиллатонат чӣ дассисаҳо, ки намебофӣ!
Мақсаду маром, дурӯғу дассисаҳои туро тариқи барномаҳои махсуси телевизиони тоҷик шунидам. Ҳама, чун ман ба ту ва ҳаммаслаконат бо нафрат менигаранд. Яқин медонам, ки ту дигар ба боварии ягон кас сазовор нестӣ. Агар мард мебудӣ, дар ин рӯзҳои барои миллат ҳассоси хурӯҷи вируси тоҷдор дар бари халқи худ мебудӣ. Лекин ту аз ҳамин лаҳзаи мудҳишу мушкилу ҳассос истифода намуда, дар олам ҷор мезанӣ, ки Тоҷикистон аз уҳдаи ин мушкилот, яъне табобати мубталоёни вируси мазкур намебарояд. Ту дар ҳамин лаҳзаҳо низ манфиатҳои худро меҷӯйӣ. Дар киштзори Ваҳдати тоҷикон тухми адоват коштанӣ ҳастӣ. Ин амали ту магар амали иблисона нест!? Ман ба ту суол доданиам. Канӣ он мошинҳои ҳангуфту хориҷӣ, ки аз ҷониб ва маблағи балегӯёни хориҷиат харида, ҳавобаландона дар маъракаи интихоботии пештара бо ҷамъи ҳаммаслакони гарданбанди якхелаи осмонирангдошта иштирок кардӣ. Шармсорона шикаст хӯрдӣ, чунки балегӯёни хориҷиат ба мисли ту ниятҳои бад доштанд ва Парвардигор ҳеҷ гоҳ ниятҳои бадро мустаҷоб намегардонад. Мехоҳӣ бо ҳар роҳу восита ободию осоиштагии кишварамонро халалдор созӣ. Наметавонӣ!. Чаро, ки чун ман ҳазорон ҳазор бо зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ аз манофеи миллӣ дифоъ мекунанд. Пайи омӯзиши илму ҳунар шуда, оянда кишварамонро обод менамоянд. Обод кардани Ватани ҷангзада кори саҳлу осон нест. Баъди ҷанги хонумонсӯзи бародаркуши шаҳрвандӣ тайи чанд сол харобаҳои ҷангро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обод карда, рӯ ба рушд овардем. Чор тараф роҳ кушодем. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем. Ҳар як хонаву деҳа обод шуда истодааст. Оё тоҷике розӣ шуда метавонад, ки дубора хонааш валангор шавад? Мардуми тоҷик дарк карданд, ки сулҳу оромӣ ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳама неъмати дунё азизтар аст. Миллати тоҷик ва билхоса ҷавонон, имрӯз хеле ҳушманду зирак мебошанд. Мардуми тоҷик низ намегузоранд, дигарбора фазои орому тинҷи кишвар, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омадааст, ноором гардад.
Хоса, ту ниятҳои нопоку иблисона дорӣ, Ба сари миллат офатҳои нав овардан мехоҳӣ. Аз ниятҳои аҳриманонаат баргард. Дини мубини Исломро барои мақсадҳои нопокат истифода накун.
Сафарова Латофат, вакили Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Бохтар