БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФШОИ РОЗҲОИ НУҲУФТАИ НАҲЗАТ ДАР ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ «ХИЁНАТ»

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Ифшои розҳои нуҳуфтаи Наҳзат дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» баргузор гардид.

Дар Конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Вахш, Одилҷон Маҳмадов доир ба масъалаҳои дар филм ифшошуда, дар назди ҳозирин баромад намуд.

Дар Конференсия шахсони зиёиву баобрӯи ноҳия иштирок намуда, оид ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки тариқи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш гардида буд, фикру андешаҳои худро озодона баён карданд.

Дар рафти конференсия мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Вахш, Худойдод Ёров баромад намуда, вобаста ба хиёнатҳои ТТЭ ЊНИ, ки ба сарзамину миллати мо кардаанд, андешаронӣ намуд. Инчунин, дигар баромадкунандагон  низ дар  мавзӯъи мазкур  ба таври озод суханронӣ намуда, аз мардум даъват амал оварданд, ки барои пешрафту тараққиёти мамлакатамон ҷаҳду талош намоем.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg