
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон миёни хоҷагидорону кормандони саҳроӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, истифодаи оқилонаи замин ва ҷамъоварии хошок барои замистонгузаронии чорво суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодаанд.
Вохӯрии навбатӣ миёни хоҷагидорони хоҷагии деҳқонии "Дара"-и Ҷамоати деҳоти Балҷувон доир гардида, масъулин дар суҳбат қайд намуданд, ки аз боду ҳавои мусоид истифода намуда, барои ҷамъоварии хошок барои замистонгузаронии чорво ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин якдилона ва бо азму иродаи қавӣ меҳнат намоянд. Ҳамчунин, дар охир ба иштирокдорони чорабинӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.