
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Будиён”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои корам бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия корҳои корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон гузаронида шуд. Масъулин зимни баргузории вохӯрӣ иброз доштанд, ки барои пешгирии бемории мазкур бояд қабл аз ҳама гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад. Ғайр аз ин, то паст шудани шиддати ин бемории хавфнок аз сафарҳои бемаврид ба давлатҳое, ки дар он ҷойҳо нишонаҳои беморӣ ба қайд гирифта шудаанд,бояд худдорӣ намуд.Дар ҷойҳои серодам, хусусан раставу бозорҳо камтар гаштугузор карда, маҳлулҳои безараргардонидашуда ва ниқобҳои тиббиро истифода баранд. Дар фарҷом маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД-19 ба сокинон тақсим карда шуд.