БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОСОН. “ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ”

Корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон бо кумаки ҳашаркорон вусъати тоза дорад. Дар наздиктарин рӯзҳо мардуми аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия ба манзилҳои нави хеш хоҳанд кӯчид. Дар бунёди манзилҳои зисти сокинон кормандони касбу кори гуногун, волонтёрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон кумаки беғаразонаи хешро мерасонанд.

Маҳмурод Салихов, сокини 57-солаи ноҳияи Хуросон, миннатдор аст, ки манзили истиқоматияшро бо қувваи кории волонтёрон бунёд мекунад. Ӯ соҳиби ҳафт фарзанд аст. Се писараш дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатиянд.

Бо сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани фарзандон қувваи корӣ намерасиду дар сохтмонӣ манзил гумон доштам, ки душворӣ мекашем. Аммо мушкилиро эҳсос накардам, зеро кормандону волонтёрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар бунёди хонаи ман кумак расониданд. Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, шифер, тахта мерасад. Ҳоло бардоштани деворҳо ба итмом расидааст. Тасмим дорем, ки дар рӯзҳои наздик боми хонаро пӯшонем, – мегӯяд Маҳмурод Салихов.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боридани сел рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон дар ноҳияи Хуросон 67 манзили истиқоматии сокинони ду деҳа пурра хароб гардид. Ҳоло дар аксари манзилҳои навбунёд дар деҳаи навтаъсиси Чорбоғ корҳои пӯшонидани бомҳо ва ороиши хонаҳо идома дорад.

Дилафрӯзи Абдулло, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ қайд кард, ки то имрӯз беш аз 400 волонтёр барои сохтусози манзилҳо ба ин мардум мадад расониданд. “Аз номи раиси кумитаи иҷроияи вилоятӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ба ҳамаи волонтёрон, кормандони ҳизб ва дигар ҳашаркороне, ки дар ин рӯзҳои душвор ба сокинони аз офати табии зарардида ёрии беғаразона расониданд миннатдории амиқ баён менамоям”, – афзуд ӯ.

Рафти корҳои сохтмониро муовини раиси вилоят Низом Мирзозода ва масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша назорат мебаранд. Н. Мирзозода бо ёдоварӣ аз саҳмгузориҳои волонтёрони ҲХДТ таъкид кард, ки ҳизбиён дар раванди сохтмони хонаҳои нав нақши бориз доранд.

– Ҳамарӯза волонтёрон барои кумак аз шаҳру навоҳии вилоят ба маҳаллаи навбунёд сафарбар мешаванд, то дар анҷоми ин кори хайр ҳиссагузор бошанд,– мегӯяд Бахтиёр Абдухолиқов, волонтёр аз ноҳияи Кӯшониён. –Ҳадафи мо ин аст, ки сокинони осебдида худро танҳо ҳис накунанд. Донанд, ки мардум дар чунин рӯзҳои душвор дастгири ҳамдигар ҳастанд ва хоҳанд монд. Кумаки мо чӣ аст? Кашондани хок, лой, шағал, семент, об ва дигар масолеҳе, ки барои бунёди манзил даркор мешавад.

Номбурда илова кард, ки барои сокинону сохтмончиён ҳамаи шароит, аз қабили хизматрасонии тиббӣ, хӯроки гарм фароҳам аст.

Нуринисо Раҳматуллоева, сокини аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия миннатдории хешро тавассути рӯзномаи мо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилоят, кормандони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дигар хайрхоҳон расонид. Ва аз ҷумла, гуфт: “Аллакай корҳои сохтмонии манзилҳои зист ба анҷом расида истодааст. Мо ин ғамхорию дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеҷ гоҳ фаромӯш накарда, имрӯзу оянда бо хизматҳои содиқона дар пешрафти кишвари азизамон саҳм хоҳем гузошт”.

Босуръат идома ёфтани раванди сохтмони хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон дар деҳаи Чорбоғ далели он аст, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ин ҳодиса кумакҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ва соҳибкорони хайрхоҳ ба афроди ниёзманд марҳила ба марҳила расида истодааст.

Бохтар – Хуросон – Бохтар

Манучеҳр Ҳасанов, “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg