БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТАРИ ХАБАРҲОИ ДУРӮҒ АЗ ХАТАРИ БЕМОРӢ КАМТАР НЕСТ

ВОКУНИШ. Муддати панҷ моҳ аст, ки бемории коронавирус дар ҷаҳон ҳамчун пандемия эълон шудааст. Дар баробари ин маълумоти бардурӯғ (фейк) низ оид ба пайдоиш, паҳншавӣ ва пешгириву табобати ин беморӣ дар сомонаҳо, саҳифаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо паҳн гардидааст. Новобаста аз ахбори расмии сомонаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар сомонаҳои дахлдори расмӣ, инчунин, саҳифаҳои иҷтимоӣ, нафарони алоҳидае ёфт мешаванд, ки хабарҳои бардурӯғро дар интернет паҳн мекунанд ва бештари аҳолӣ ба ин маълумот (фейк) бовар мекунанд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад. Дар ин ҳолат аз зарари беморӣ дида, зарари ахбори бардурӯғ бештар аст.  

Масалан, дар сомонаи RUPOSTERS 10 фейк оид ба коронавирус, ки ба он бисёриҳо бовар карданд, оварда шудааст. Сомонаи мазкур тавсия медиҳад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ин фейкҳо бовар кард. Дар хабар-фейки якум оварда шудааст, ки аввалин хитоиҳо аз кӯршабпарак гирифтори коронавирус шуданд. Ҳоло он ки то ҳол манбаи аниқи паҳншавии бемории мазкур муайян нашудааст. Овозае шуд, ки гӯё сирпиёз (чеснок) вирусро нобуд месохта бошад. Ин сабаб шуд, ки нархи сирпиёз “ба осмон дакка хӯрад”. Гузашта аз ин, аз ҷониби сомонаҳои расмӣ оид ба таъсири сирпиёз ба бемории коронавирус ягон иттилои тасдиқкунанда  пешниҳод нашудааст.

Хулоса, моро мебояд, ки дар ҳолатҳои ошкор шудани паҳншавии нави беморӣ ба таҳлука наафтида, маълумоти дақиқро маҳз аз сомонаҳои расмӣ ҷустуҷӯ карда, мувофиқи тавсияҳои мутахассисон амал кунем. Махсусан, он шахсоне, ки аъзои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳастанд, мебояд ҳар як хабари навро аввалан дар тарозуи ақл дуруст бар кашида, ҳамгуни он иттилоъро аз манбаъҳои расмӣ ҷустуҷӯ карда, онгоҳ бовар кунанд. Чунин манбаи расмии боэътимод сомонаҳои расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд.

Баҳманёр Баҳриддинов, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg