БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИБОСРО ИНТИХОБИ ДУРУСТ МЕБОЯД

АНДЕША. Маданияти либоспӯшӣ ва риояи тартиботи он дар зиндагии рӯзмара як нишонаи зоњирии инсон аст, ки дар сурати зебо дӯхта шудан ва ба тани шахс, ваќт, мавзеъ ва синну сол мувофиќ будан њусну љамоли њар як фардро зоњирану ботинан афзун намуда, ба ў рӯњу илњоми тоза мебахшад. Аммо либоси ба синну сол, ба мавзӯю вақт номувофиќ њам ба фаъолияти кас зарар мерасонад ва њам њусни зоњиру ботинии ӯро ќабењ менамояд. Аз ин рӯ, талаботи либоспӯшї, ки дар тӯли таърих дар байни халќњои гунонгуни љањон ба вуљуд омадаанд, бояд аз љониби њама риоя карда шавад.

Арбобони илму маърифат, тиббу њикмат аз замонњои ќадим, пеш аз њама, ба тозагии либос диќќат дода, онро чун гарави саломатї ва хушбахтии инсон шумурдаанд. Ба њамин сабаб барои шахс њар рӯз либоси наву ќиматбањо пӯшидан шарт набуда, балки риоя намудани тозагии либоси ҳаррӯза шарти авалин эстетикаи либоспӯшї аст. Дар баробари тоза будан либос бояд дарзмол шуда бошад. Дарзмол намудан на фаќат либосро зебову шинам менамояд, балки аз љињати гигиенї низ онро тозаю озода мекунад.

Дар табиат хамеша мутобиқати рангњо зебоиро афзуну дилчасп менамояд. Мутобиқат намудани либос ба сурат њам њусни инсонро зеботар гардонида, аз шартњои муњими эстетикаи либоспушї њисобида мешавад. Аз ин љост, ки бояд њар як фард ранги ба худаш муносибу дилкашро донад. Ранги либос њамчунин, ба синну сол, ба талаботи фаъолияти мењнатї ва љамъиятии шахс бояд мувофиќ бошад. Либос ва рангу ориши он ҳеҷ гоҳ набояд василаи фахру маѓрурї ва намоиши сарватмандию мансаб гардад.

Бо одоби либоспӯшии шахс ороиш додани рӯю муй, овезон кардани гушвор ва истифодаи ороишоти дигар робитаи људонашаванда доранд. Дар хотир бояд дошт, ки шароиту талаботи тањсилу кор дигар аст ва шароиту талаботи тӯй, хона ё машќҳои варзишї дигар. Бо њамин сабаб дар баробари донистани рангу муди мувофиќ ва андозаи либоси ба худ зебанда донистан ва риоя намудани либоспӯшї дар љойњои гуногун ва аз кадом навъи матоъ будани либос њам ба њар як шахс зарур аст. Дар асоси њамаи ин омилњо либосњоро аз љињати мавќеи истифодаашон ба либосњои хонагї, рӯзмарра, корї, мактабї, маросимї, сафарї варзишї ва ғайра тақсим намудан мумкин аст. Њар яке аз ин либосњои зикршуда мувофиќи талаботу шароити зарурї интихоб ва ба бар карда мешаванд.

Либос нишонањои миллї ҳам дорад. Либоси миллии њар як халќ ганљинаи гаронбањои фарњанги умумибашарї ба шумор меравад. Мањз бо хусусияти хос доштан ва бо завќи мардум наздик будан ва ормонњои мардумиро ифода кардан чун анъана дар шароити имрӯза низ тарроњон намунањои беҳтарини либосњои миллиро дӯхта, ба муштариёни худ манзур намуда истодаанд. Дар њамин асос интихоби либоси миллї ё аврупоии занона ва мардона имрӯз бояд танњо ба завќи эстетикию фарњангии ҳар як шахси ба камол расида вогузор карда шавад ва онҳо дар доираи фарњанги либоспӯшї бояд барои интихоби дурусти либосњо саъю талош намоянд. Барои хонандагон бошад, то ба камол расиданашон дар интихоби шакли либос бояд падару модар, ањли хонадон мутобиќ ба тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми љумњурї роњнамої намоянд.

Баъзан чунин њам ба мушоҳида мерасад, ки иддае аз ҳамватанони мо таќлидкории сунъї ба либосњои миллатњои дигар намуда, таровату зебоии хешро бо пӯшидани либосњои ѓайр коњиш медиҳанд. Ин низ ба фарњанги либоспӯшї мувофиќ нест. Либоси миллии тоҷикӣ љавобгўйи тамоми талаботи фарҳангї ва динии миллати мо буда, барои пӯшидани либосњои миллии халқњои дигар ягон њоҷат вуљуд надорад.

Либосњои корї либосњое мебошанд, ки дар ваќти кор дар муассисаю ташкилоти давлатию ѓайридавлатї пӯшида мешаванд. Тањлилњои илмї нишон медињад, ки самар ва сифати мењнат ба навъи либоси корї низ вобаста аст. Аз ин рў, барои озодона мењнат кардан либоси кории њар як шахс бояд ба шароити кор мувофиќ бошад.

Агар дар корхона ё ташкилот навъи ягонаи либос ва ранги муайяни он таъйин шуда бошад, риояи он барои њама њатмист.

Дар навбати худ тозагї, назорати либоси корї на фаќат гарави устувории саломатист, балки дараљаи интизому одоби кормандонро нишон медињад.

Бо либоси махсуси корї ба љойњои љамъиятї намераванд.

Либосњои протоколї либосњое мебошанд, ки њангоми вохӯрї бо роњбарон, зимни ширкат дар маљлисњои расмї, љаласањои њукуматї, вохӯрї бо шахсиятњои расмї ва маљлисњои тантанавї пӯшида мешаванд. Ин гуна либос њам барои мардон ва њам барои занон шакли махсус дошта, пӯшидан ва риоя кардани он дар љойњои таъкидшуда њатмї мебошад.

Умуман, ба њар як шахс зарур аст, ки чї тавр либоси тозаву озодаи мутобиќ ба ороиши мӯю рӯй ва зоњири худ мувофиќ пӯшиданро хуб бидонад.

Ќурбонгул Раљабзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон                                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg