БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал дарк кардаанд, ки террорист Ватан, мазҳаб ва дин надорад!

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар деҳаи Шаҳиди Бобохони  ҷамоати деҳоти Тоҷикистон  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин ва сармуҳосиби Кумитаи  иҷроия  Муродов Раҷабалӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва тақвият бахшидани робита бо маҳал, эълон гардидани  соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади баргузории вохӯрӣ дар якҷоягӣ, бо такя ба нерӯи созандаи шумо андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,   террористию экстремистӣ, иштирок дар задухурдҳои  мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят умуман қонуншикании ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои  худкушӣ  ва сӯиқасд ба ҷони худ, тақлиди кӯр –кӯронаи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона мебошанд ва иштирокдоронро ҷиҳати гирифтани пеши роҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пок сохтани давлату миллат аз ҳар гуна амалҳои зишт  даъват ба амал оварданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg