БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ - ИСТЕЪМОЛИ ҒИЗОИ СОЛИМ ВА РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади расонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус,  самаранок истифода бурдани замин бо сокинони деҳаи Роҳи Сотсиализми Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин бо усули “хона ба хона” мулоқот доир намуданд.

Масъулин ҳангоми вохӯриҳо аз ҳолати кишти такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, барои ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сари вақт ба роҳ мондани кишти такрорӣ, аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани майдони кишти ғалладонагиҳо ва ҷамъоварии хошок барои чорво ба сокинон тавсияҳои муфид доданд.

Ҳамзамон, дар ин раванд  атрофи масъалаҳои пешгирию муқовимат бо коронавирус ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби ҳар як шахс  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, омилҳои муҳими муқовимат бо ин вабои аср, аз қабили пӯшидани ниқоб, тез-тез дастонро бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ шустан ва риояи масофаи байниҳамдигарӣ ба мардум фаҳмонида шуд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg