![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20200619_111255.jpg?itok=L2ioUy4q)
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо сокинони кӯчаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” суҳбат намуданд. Дар суҳбат талаботҳои беҳдоштӣ ва роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ фаҳмонида шуда, таъкид гардид, ки ҳама новобаста аз он, ки солим аст, бояд талаботҳои беҳдоштии шахсиро қатъӣ риоя намоянд, зеро хунукназарӣ боиси сироятёбӣ шуданаш мумкин аст.
Дар суҳбатҳои доирнамуда 78 нафар сарварони оилаҳо иштирок намуда, дар бораи ҳифзи саломатӣ ба худ маълумот пайдо карданд.