БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи ҲХДТ- эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ҷамоати деҳоти Даштиҷум  бо омӯзгорону кормандони муассиса ва сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштироки бевосита доштанд.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон кушода, зимни баромад мавсуф оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд. Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдулҷаббор дар бораи терроризму экстремизм, коррупсия, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва муборизаи муташаккилона бар зидди гурӯҳҳои тундгаро ва пешгирии вайроншавиии оилаҳо суханронӣ намуда, иштирокдоронро барои ҳифзи саломатӣ ва муборизаи муташаккилона бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа таъкид намуд.

Дигар баромадкунандагон низ оид ба масъалаҳои номбурда фикру мулоҳизаронӣ карда,  ваъда доданд, ки  минбаъд низ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар охир чанде аз иштирокдорон барои ба сафи ҲХДТ шомил шуда  ариза пешниҳод карданд, ки онҳо аз ҷониби масъулин ба сафи ҳизб пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg