БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТИРИ ДУШМАНОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ХОК ХӮРД

ВОКУНИШ. Бо пайдо шудани бемории коронавирус дар шаҳри Ухани давлати Чин ҷаҳониён ба таҳлука айфтоданд. Зеро ин беморӣ дар як муддати кӯтоҳ дар бештар аз 200 давлати дунё домон паҳн намуд. Чунин ҳолат дар ҷумҳурии мо ҳам ба мушоҳида расид. Овозаҳои воҳимаангез боиси он шуд, ки  дар дар давоми як-ду рӯз тамоми маҳсулоти ордиро аз бозорҳо харидорӣ намоянд.

Бемории коронавирус барои душманони миллат -  роҳбари Ҳизби наҳзати ислом ва думравони ӯ, ташкилоти дурӯғини бо ном Паймони миллӣ кӯри корча ёфтагӣ шуд.  Дар давоми  моҳҳое, ки ин  беморӣ дар мамлакат ба қайд гирифта нашуда буд,  онҳо чунин овозаҳои бардурӯғро паҳн намуданд, ки дар Тоҷикистон бемории коронавирус мавҷуд аст, вале Ҳукумат онро пинҳон медорад.  Баъди ба қайд гирифтани беморӣ бошад, чунин ҳарзагӯӣ менамуданд, ки  гӯё дар Тоҷикистон барои мубориза ба ин беморӣ ягон шароиту имконият мавҷуд нест ва пешгӯӣ ҳам менамуданд, ки аз ин беморӣ ҳазорҳо нафар ба ҳалокат мерасанд.

Онҳо орзуи онро доранд, ки чунин ҳолати ногувор дар кишварамон рух диҳад, то ки  барои танқиди Ҳукумат ва роҳбарони давлат мавзӯъ биёбанд.

Имрӯз вазъ ба эътидол меояд. Талафот аз ин беморӣ ангушт шумор аст. Вале ҳамаи онҳое, ки аз ин ё он беморӣ мефавтад, боз ҳамон душманон онро ба коронавирус вобаста мекунанд.

Дар олам 8 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудааст. Қариб ним миллион кас фавтидааст. Шумораи нисбатан хеле кам гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон (5100), боз ҳам дар муқоиса хеле камтари фавтидагон (50) ва шумораи нисбатан зиёди шифоёфтагон (70) дарсад аст. 

Фирдавс Мирзоалиев, вакили Маҷлиси вакилонихалқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 7

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg