
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат - бақои давлат” бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида истодаанд.
Аксияи мазкур дар маҳаллаи ба номи “С.Сафаров”-и шаҳри Кӯлоб доир гардида, аз ҷониби масъулин наздики беш аз 300 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.