
КӮЛОБ. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат бақои давлат.” Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю маҳаллаҳои маркази шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури мақомоти болоии ҳизбӣ Аксияи фарогир бо усули “даст ба даст” доир ба масъалаи пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур қайд карда шуд, ки коронавирус, ҳамчун бемории сироятӣ дар тамоми сайёра шинохта шуда, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Аз ин рӯ, дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус риояи гигенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида, боиси эмин будан аз беморӣ хоҳад буд.