БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТКОРОНИ ВАТАН АСЛО БАХШИДА НАМЕШАВАНД

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо тариқи  оинаи нилгун тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба намоиш гузошта шуда, дар ин филм доир ба амалҳои ғаразноку нопоки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо раҳбарии  Муҳиддин Кабирӣ пешкаши бинандагон гардонида шуд. Ин ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати  ислом барои ба даст овардани Ҳукумати Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик  аз солҳои 80-уми асри бист  таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо фармони хоҷагони хориҷиашон  мубориза  бурда истодаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом солҳои 90-ум бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва фармони хоҷагони хориҷиашон ҷанги шаҳрвандиро  ташкил намуда, дар ин ҷанг  падар бо писар, бародар бо бародар  хуни ҳамдигарро рехтанд. Ва ин хиёнаткорону ватанфурӯшон  бошанд, барои пулу моли бе дарди миён аз ҳамон солҳо сар карда барои сарнагун кардани миллати тоҷик аз паси парда бо хоҷагони хориҷиашон ба сари миллати точик чӣ бадбахтиҳое овардаанд. Мардуми  тоҷик аз хамон солҳо бошад ба хубӣ медонанд, ки қаҳрамон кисту душман кӣ. Аз ҳамин лиҳоз аз ин хиёнаткори Ватан  ба мисли Муҳиддин Кабирӣ рӯйгардонида дигар намехоҳанд, ки ҷанги таҳмилӣ дубора такрор  шавад.

Аммо мо мардуми сарбаланди тоҷик бо сарвари сулҳпарвару оқилу доно ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти Тоҷикистони азизамон аз як гиребон сар бароварда,  Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем. Дигар ягон иродаи сиёсии ғаразнок наметавонад, ки барои ободию шукуфоии мамлакати мо таъсиргузор бошад. Зеро ҳамагон медонем, ки танҳо якдилию якдигарфаҳмӣ моро ба қуллаҳои мурод ва пешрафту тараққиёт мерасонад.

 Алиҷон Асақолов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg