БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти амнияти иттилоотӣ- тарғибот дар маҳал

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Матбаа» маҷлиси ҳизбӣ таҳти унвони «Ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти амнияти иттилоотӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Абдукарим Иброҳимов ва дигар шахсони расмӣ баргузора гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ вусъат гирифтааст. Баъзе аз расонаҳои хабарии дигар давлатҳо ҷумҳурии моро ба таври сохта чун «минтақаи муташанниҷ» ва чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон дода, эътибору нуфузи онро паст заданӣ мешаванд. Дар аксари барномаву мақолаҳои онҳо танҳо қочоқгарони Тоҷикистони паҳнкунандагони ин мавод ба Русия ва мамолики Аврупо арзёбӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки нисбати амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди хафви дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Нерӯҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилооти мамлакат моҳирона истифода намуда, маълумоти харобсоз, нобоваронаро паҳн менамоянд.

Дар охир раиси кумитаи иҷроия Ҷумагул Шомаҳмадзода ба аҳли толор муроҷиат намуд, ки дар асоси гуфтаҳои боло месазад, ки ҳар яки мо сокинони ин кишвари биҳиштосо дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg