ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти сахо дароз намудан ба оилаҳое, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд, аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” (КАТС) Наҷотзода Фурқат Иброҳим бо иштироки кормандони ташкилоти мазкур ба чор оилаи эҳтиёҷманди Ҷамоати шаҳраки Вахш Қурбонова Лолахон, Қурбонова Людмила, Мардонов Мустафо ва Мардонов Бобошер, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, маводҳои доруворӣ кумак расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” (КАТС) дар ноҳия бузург буда, ҳаммарӯза ин гуна кумакҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд расонида шуда, аз тарафи ҳамшираҳои минтақавӣ хизматрасонӣ карда мешавад.