БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ НАМО!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ,  хоҷагиҳои ёрирасон  ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ,  аз ҷумла бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Хуросон дар деҳаи Челониҳо  гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур  намояндагони ҳизбӣ ба сокинон  доир ба истифодаи самараноки замин ва  пешгирӣ аз бемории коронавирус маълумоти муфассал дода, таъкид карданд, ки бо истифодаи самараноки  заминҳои дар ихтиёрдошта дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд ва  саломатии худ ва  оилаашонро бо риояи гигиенаи  шахсӣ, тозагии  маҳали зист  муҳофизат  кунанд. Сипас, ба онҳо варақаҳои иттилоотиро дастрас карда, ҳушдор доданд, ки аз тавсияҳое, ки дар маводҳои таблиғотӣ оварда шудааст, васеъ  истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg