ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо усули “хона бо хона” бо сокинони деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шукнов ҷиҳати истифодаи самараноки замин суҳбат доир намуда, ба онҳо барои рӯёнидани ҳосили баланд маслиҳатҳои муфид доданд, инчунин талаботи гигиенаи шахсиро ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирусро фаҳмониданд.
Иштирокдорони суҳбат аз баромадҳои аъзои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани зиёда аз як ҳосил маълумоти зарурӣ пайдо карда, бо хушнудӣ пазируфтанд. Бо истифода аз имконият таблиғотчиён ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигии бошандагонро низ аз назар гузаронида, барои нигоҳубини маҳсулотҳои киштшуда маслиҳатҳо доданд.