БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ҶОЙҲОИ СЕРОДАМ БЕ НИҚОБИ ТИББӢ МАНЪ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия  бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир намуда, бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ин вирус суҳбат оростанд. Дар ин росто ба шахсони ниёзманди ҷомеа  ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ оид ба  пешгирӣ аз ин вабои  аср тақсим карда шуда,  масъулин зимни тақсимоти маводҳои  таблиғотӣ сокинонро таъкид  карданд, ки  ба гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зист риоя карда, бе ниқоб аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд. Сипас, дар бораи  дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  истифодаи самараноки замин  ба хотири ба даст овардани ҳосили  дилхоҳ  суханронӣ карда шуда, ба сокинон барои татбиқи  ҳадафҳои созанда тавсияҳои судманд дода шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg