БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ МАҲБУБИ ҲАМАИ МОСТ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Исмоили  Сомонии ҷамоати шаҳраки Муъминобод  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба иштирокчиён аз ҷониби кормандони ҳизбӣ ба миқдори  40 дона ниқобҳои тиббӣ ва 40 адад маводҳои иттилоотӣ- таблиғотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.

Дар вохӯрии навбатӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Раҷабова Гулсунбӣ   иштирок дошта, вобаста ба пешгирии сироятёбии бемории короновирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, мавсуф  таъкид намуд, ки фаровонии дастурхони ҳар як сокини кишвар ва  ҳифзи солимии ҷомеа ҳадафи асосии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, алалхусус Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва моро месазад  ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ  талош варзем, бо амалҳои созанда Ватани маҳбубамонро аз ин дида ободтару зеботар гардонем.  

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg