
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба пурзӯр кардани чораҳои пешгирии интиқоли ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси COVID-19 ва тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои таблиғотӣ- фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои тарғиботиро дар ҳудуди маркази шаҳр дар биноҳои баландошёнаи истифоматии ба номи Носири Хусрав ва Абулқосим Лоҳутӣ ба роҳ монданд.
Масъулини ҳизбӣ дар рафти суҳбатҳо дар бораи пешгирии бемории коронавирус маълумот дода, мардумро барои риояи қатъии гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббӣ даъват карданд.