![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG-5ca3a07ce2065f94a59c0865d3677b0b-V.jpg?itok=BJSEGvwa)
ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз ва ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» Салимова Изатой вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст масъулин дар назди иштирокдорон оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, ҷоннок намудани кору фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, инчунин дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар охир масъулин аз кору фаъолият, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, насби шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо тавсияҳо доданд.