КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин Аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ наздики 300 адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории чорабинии мазкур шаҳрвандонро хотиррасон карданд, ки хушбахтона дар Тоҷикистон сирояти коронавирус коҳиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намояд.