
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ва аз як замин бардоштани ду-се ҳосил шиори кишоварзону деҳқонони шаҳри Кӯлоб гаштааст, ҳамеша пайи бардоштани ҳосили фаровон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо кишоварзони шаҳр суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, онҳоро ба меҳнати содиқона даъват менамоянд.
Масъулин аз заминҳои корами сокинони деҳаи Лавоваи Ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатиро дастрас карданд.