ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Шоҳи Ҷамоати деҳоти Навобод корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдуллоев Ваҳобиддин доир ба роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумот дода, таъкид кард, ки эҳтиёт ними ҳаёт аст, набояд мо дар ин давраи ҳассос бепарво бошем, аз тавсияҳои табибон васе истифода бурда, худ ва дигаронро аз ин бемории хатарнок ҳифз намоем.
Ҳамчунин барои бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз ин беморӣ маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуда, дар ин раванд аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.