
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади паст кардани шиддати бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “ хона ба хона” дар деҳаю маҳаллаҳои қаламрави ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамарӯза гузаронида истодаанд.
Дар рафти чорабиниҳо масъулин вобаста ба тозаву озода намудани маҳалли зист, риояи масофаи байниякдигарӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, тарзи дурусти истифодабарии ниқобҳои тавсиявӣ бо сокинон суҳбат доир карда, ба онҳо барои истифода маводҳои таблиғотиро дастрас карданд.