![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200616_083138.jpg?itok=33PuXGRd)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло бо фаъолони ноҳия ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар маҷлис Шарбатулло Азизулло масъалаҳои кишти такрорӣ, вусъати корҳои безараргардонӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2020-2021 мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки дар шароити ба ҳама маълум мо бояд маводи хӯроквориро захира карда, ба ҷамъоварии хӯроки чорво низ диққати аввалиндараҷа диҳем. Сипас, мавсуф вобаста ба масъалаҳои мубрмаи рӯз ба шахсони масъул як қатор дастур супоришҳои мушаххас дод. Дар охир аз ҷониби сохторҳои дахлдор кӯчаву маҳаллаҳои маркази Ҷамоати мазкур бо маҳлули хлордор безарар гардонида шуд.