ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи пиронсолон” барои пешгирӣ аз сироятёбии бемории ҳамагир- коронавирус, ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба кормандони Хонаи пиронсолон тавсия дода шуд, ки хешовандону наздикон ҳангоми ба дидорбинии бошандагонашон рафтан ниқобҳои тиббиро истифода бурда, ба онҳо варақаҳои таблиғотиро расонанд.
Ин табақаи ниёзманди кишвар ҳамеша зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор дошта, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо низ кӯшиш менамоем, ки ба ин қишри ҷомеа дасти кумак дароз намоем.